63 нафар ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони он мукофотҳои пуливу молӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳои мақомоти мазкур тақдим гардиданд. 63 нафар довталабоне, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур ҷойҳои якуму дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҷумла, 11 нафар ҷойи якум, 26 нафар мақоми дуюм ва 26 нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ба ғолибони ҷойи якум 20 000 сомонӣ, мақоми дуюм 15 000 сомонӣ ва сеюм 10 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағузории фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе мукофотпулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳо тақдим карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷараёни озмуни мазкур 33 нафар довталабони дигар бинобар холҳои баландро сазовор гардидан бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе кадрдонӣ гардиданд. Инчунин як зумра нафароне, ки дар ташкилу баргузории даври шаҳрии озмуни мазкур саҳм гузоштаанд, бо сипоснома ва мукофотҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳамчунин иброз дошт, ки хизмати таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи басо душвору сангин аз он иборат аст, ки маҳз он кас ихтиёри давлатдориро ба даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, артиши миллӣ ва неруҳои посбони сарҳадро таъсис доданд.
Инчунин таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро, ки рукни муҳими рушду инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбад, дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар пешрафти ҳамаҷонибаи он таваҷҷуњи хоса зоҳир менамоянд.
Тазаккур дода шуд, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли равон ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 апрели соли ҷорӣ дар пойтахт миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд.
Яке аз ғолибони озмун хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 –и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Зайнаб Зиёева, ки дар номинаи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик» сазовори ҷойи аввал гардидааст, иброз дошт, ки баргузории озмуни мазкур воқеан ҳам инқилоби маданӣ ва таконест, ки дар тамаддуни миллати мо то абад бо хатти зарин сабт хоҳад гашт. «Хеле хушҳол аз он ҳастам, ки аз ҷумлаи ғолибони озмун гаштам. Аз ин хотир миннатдории худро ба Пешвои миллат баён медорам, зеро маҳз бо ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат мо, наврасону ҷавонон имкон пайдо кардем, ки дар озмуни мазкур иштирок намуда, донишу маҳорати худро боз ҳам сайқал диҳем».
Ғолиби дигари озмун, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтааст, хонандаи синфи 5 -уми Гимназияи 2-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Фарзона Сафарзода мебошад.
Ба андешаи ӯ, баргузории озмуни мазкур барои васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, огоҳӣ аз таъриху тамаддун, дуруст ба роҳ мондани муоширату муносибати аҳли ҷомеа, ки дар заминаи мутолиаи китоб ба даст меоянд, воқеан ҳам қобили таҳсину ҷонибдорист.
Бояд тазаккур дод, ки дар даври шаҳрии озмуни мазкур 280 нафар довталабон аз 4 ноҳияи пойтахт — Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур дар панҷ номина иштирок намуда, ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва дигар эҷодкорон ба дониши онҳо баҳо гузоштанд.
Зикр шуд, ки ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур- баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар мебошад.
Дар охир барномаи фарҳангӣ пешкаши иштирокдорони ҷамъомад гардид.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД,
АМИТ «Ховар»
ААКСҲО: АМИТ «Ховар»