Ҳайати 60-нафараи доираҳои сармоягузории Корея ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 23.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати 60-нафараи доираҳои тиҷоратию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, ки дар соҳаҳои саноати мошинсозӣ, бофандагӣ, нассоҷӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ фаъолият доранд, ҷиҳати иштирок дар Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея 22 ноябр ба Душанбе омад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳадафи форум шиносоии сармоягузорони кореягӣ бо фазои сармоягузорию имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар мебошад. Дар форум намояндагони соҳаҳои саноат, технологияи иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии Ҷумҳурии Корея иштирок менамоянд.
Интизор меравад, ки Форум ба платформаи баррасии самтҳои афзалиятнок ва воситаҳои рушди Тоҷикистону Корея табдил ёфта, дар доираи он санадҳои ҳамкорӣ миёни ширкату корхонаҳои саноатии Тоҷикистону Корея имзо шаванд.
Ҳайати доираҳои сармоягузории Корея дар доираи иштирок дар Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея ҳамзамон аз корхонаҳои истеҳсолию саноатии шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода боздид менамоянд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ








Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






