Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ҷамъоварии чормағзи заминӣ, пахта, кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва навсозии роҳҳо идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Имсол дар ноҳия дар 900 гектар чормағзи заминӣ кишт шуда, дар айни замон ҷамъоварии он идома дорад. Парвариши ин зироат сердаромад ба ҳисоб рафта, ба истифодаи самараноки замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва баланд бардоштани даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон дар ноҳия дар зиёда аз 400 гектар кишти тирамоҳии ғалла гузаронида шудааст. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нашъунамои ғалладонагиҳо хуб буда, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва сари вақт иҷро намудани корҳои саҳроӣ барои ба даст овардани ҳосили баланд заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ, ки яке аз минтақаҳои асосии пахтакори вилоят ба ҳисоб меравад, ҷамъоварии пахта суръат мегирад. Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии «Азиз», ки дар 2 гектар пахта кишт кардааст, саҳмдорон дар ҳамкорӣ бо ҳашарчиён ҳосилро беталаф ҷамъоварӣ мекунанд. Дар ин хоҷагӣ ҳар чинакчӣ дар як рӯз ба ҳисоби миёна аз 140 то 160 килограмм пахта мечинад.
Сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта барои таъмини корхонаҳои нассоҷии ватанӣ бо ашёи хом ва рушди саноати сабук аҳамияти муҳим дорад.
Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ мумфаршкунии роҳи маҳаллаи навбунёди Азизобод оғоз гардид. Масофаи умумии роҳи мумфаршшаванда беш аз як километрро ташкил медиҳад. Корҳои роҳсозӣ бо ташаббуси сокинон ва ба тариқи ҳашар амалӣ мегарданд, ки намунаи олии ҳамбастагӣ дар ободонии маҳалли зист мебошанд. Ҳоло дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ 5 километр роҳ мумфарш гардида, дар назар аст, ки ин нишондиҳанда то ба 10 километр расонида шавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад






