Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.
Меҳмонон бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳр» шинос гардиданд. Меҳмононро роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Ҳамчунин мулоқоти дуҷониба бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, фарҳанг, сайёҳӣ, фанновариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея бо мақсади иштирок дар нахустин Форуми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 29 ноябр доир мегардад, дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин форум дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҳамкории «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор мешавад.
Созмондиҳандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






