Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар намуд

Ноябрь 24, 2021 13:06

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея ба вилояти Хатлон сафар кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Меҳмонон бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ва ҶДММ «Парки нассоҷии шаҳр» шинос гардиданд. Меҳмононро роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Ҳамчунин мулоқоти дуҷониба бо ҳадафи густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати сабук, фарҳанг, сайёҳӣ, фанновариҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва хизматрасонӣ баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки  ҳайати доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Корея бо мақсади иштирок дар нахустин Форуми тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, ки 29 ноябр доир мегардад, дар Тоҷикистон қарор дорад. Ин форум дар чаҳорчӯби раёсати Тоҷикистон дар ҳамоиши ҳамкории  «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони ҳамоиш Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

      АКС аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Ноябрь 24, 2021 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориро дар бахши шуғл ва омодасозии кадрҳо тақвият мебахшанд
Баҳодур Шерализода дар Ню-Йорк ва Вашингтон бо шарикони рушд ва ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқлимӣ мулоқот намуд
МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Боку Форуми соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
РАҚАМИКУНОНИИ ҲАМЛУ НАҚЛ. Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустин маротиба низоми байналмилалии eTIR-ро озмуданд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Котиботи давлатии Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Вазорати молия натиҷаҳои таҳқиқоти «Буҷети кушода»-и соли 2025-ро муаррифӣ намуд
Дар Боку ҷаласаи 8-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуд
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро барои рушди энергетикаи «сабз» густариш медиҳанд
Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон баррасӣ гардид