Ба шарафи Рӯзи милитсия ба ШВКД-1-и шаҳри Исфара мошини хизматӣ туҳфа гардид

Ноябрь 9, 2021 14:10

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи милитсия бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроия, ҳайати шахсии шуъбаҳои 1-ум ва 2-юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр, собиқадорон, иштирокдорони таҳкими сохти конститутсионӣ ва оилаҳои кормандоне, ки зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ фавтидаанд, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Зимни ҳамоиш аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба ШВКД-1-и шаҳр мошини хизматӣ тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода кормандони мақомоти корҳои дохилиро ба ифтихори Рӯзи милитсия шодбош гуфта, иброз намуд, ки “кормандони ин ниҳод дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддас мебошанд. Мақомоти корҳои дохилӣ чун пештара дар мубориза бо ҳама гуна ҷинояткориҳо, хосса дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ пешоҳанг буда, имрӯз бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавӣ таъмин гардида, сатҳи дониш ва малакаи касбии ҳайати шахсū боло меравад”.

Милитсияи тоҷик аз оғози фаъолияти худ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таҳкими қонунҳои амалкунанда ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ роҳи пуршараферо тай намудааст.

Раиси шаҳр аз хатарҳои ҷаҳони имрӯза ёдовар шуда, милитсияро дар муқобили ҳама гуна ҷиноятҳо мақомоти фаъол ва қудратманд номид.

Дар охири  ҳамоиш дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ кормандон ва собиқадорони соҳа барои ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба Ватану миллат, пуршарафона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, иштироки фаъолона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ифтихорномаву сипоснома, рутбаҳои навбатӣ ва туҳфаҳои хотиравū супорида шуданд.

Дар арафаи иди касбӣ бо нишони қадршиносии қаҳрамониву ҷонфидоии насли куҳансол аз ҷониби роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ собиқадорони соҳа аёдат ва ба онҳо кумакҳои моддӣ расонида шуданд.

АКСҲО: МИҲД-и шаҳри Исфара

Ноябрь 9, 2021 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд