Ба шарафи варзишгарони тоҷик Парчами давлатии Тоҷикистон зиёда аз 850 маротиба баланд бардошта шуд

Ноябрь 24, 2026 17:26

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2025 то ин муддат ба шарафи варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ зиёда аз 854 маротиба Парчами давлатии Тоҷикистон баланд бардошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Давоми соли 2025 варзишгарони мамлакат дар мусобиқаҳои дохилию хориҷӣ аз ҷумҳурӣ 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 медали нуқра ва 204 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар нуҳ моҳи соли 2026 344 медал, аз ҷумла 101 медали тилло, 166 медали нуқра ва 145 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки варзишгарони тоҷик дар ҳар мусобиқае, ки пирӯзӣ ба даст оранд, баробари садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистон низ афрохта мешавад.

Бояд иброз намуд, ки дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи олӣ ва фарҳангии берун аз давлат низ ҳунармандон ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ парчами миллиро парафшон менамоянд. Ҳунармандони машҳури мамлакат меҳру муҳаббати худро нисбат ба Парчами давлатӣ дар шеъру суруд ва таронаҳо таҷассум менамоянд, ки нишони арҷгузорӣ ба ин рамзи давлатӣ мебошад.

Парчами давлатии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои ҷаҳоние, ки Тоҷикистон аъзои онҳо аст, инчунин сафоратҳо ва намояндагиҳои мамлакатамон дар давлатҳои дигар пайваста партавфишонӣ менамояд, ки боиси ифтихори мо мебошад.

Имрӯз ҷавонону варзишгарони тоҷик бо дастгирию роҳнамоии Пешвои миллат, ба хотири арҷ гузоштан ба рамзҳои муқаддаси Ватан ва парафшон намудани Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа талошу ташаббусҳои созанда намуда, бо иродаи қавӣ ва матонату қаҳрамонӣ дар мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ иштирок ва ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Ба хотири варзишгарони мо имрӯз Парчами Тоҷикистон дар байни парчами садҳо давлати ҷаҳон парафшон гардида, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад. Ин ҳама боиси ифтихор ва нишони соҳибистиқлолии миллати тоҷик мебошад.

Ҷавононро мебояд, ки ин рамзи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллиро гиромӣ доранд ва барои ҳамеша парафшон буданаш ҷаҳду талош намоянд. Онҳо бояд ҳамеша зери ливои муқаддаси давлатӣ муҳофизи манфиатҳои давлату миллати худ бошанд, ҳамеша аз Парчами давлатии худ ифтихор дошта бошанд, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандон ва ҷавонону наврасон талқин намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 24, 2026 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони Рашт бо парчамҳои давлатӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Беш аз 30 ҳазор сокинони Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ ба роҳпаймоӣ баромаданд
Дар Бохтар беш аз 40 ҳазор нафар ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ намуданд
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚАТОРИ БАЛАНДТАРИН ПАРЧАМҲОИ ҶАҲОН. Эҳдо ба Рӯзи Парчами миллӣ
Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд