Бонки ҷаҳонӣ барои ҷалби маблағҳои иловагӣ дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон тадбирҳоро амалӣ менамояд

Ноябрь 24, 2021 13:03

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 23 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бо Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди инсон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Фадия Саада доир ба татбиқи Стратегияи рушди саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мубодилаи афкор намуданд, иттилоъ  медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки миссияи Бонки ҷаҳонӣ давоми як моҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мусоидат дар пешрафти татбиқи  лоиҳаҳои соҳаи тандурустӣ ва баррасии имконияти ҷалби маблағҳои иловагӣ якчанд корҳоро муваффақона ба анҷом расонид.

Зикр шуд, ки Бонки ҷаҳонӣ шарики боэътимоди стратегии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давраи пандемияи COVID-19 ба кишвар кумаки грантӣ пешниҳод намудааст. Бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”-ро дар  ноҳияҳои қаблии вилоятҳои Хатлону Суғд ва аз соли 2021 дар 6 ноҳияи нави таҷрибавӣ татбиқ  менамояд, ки лоиҳаи мазкур айни замон 16 ноҳияҳои таҷрибавиро фаро мегирад.

Дар давраи пандемияи  COVID-19  Бонки ҷаҳонӣ Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19- ро дар Тоҷикистон (ТЕС-19)  мавриди амал қарор дод, ки самтҳои фаъолияти он тақвият додани иқтидори соҳаи табобати интенсивӣ ва эҳё, дастгирии чорабиниҳои иттилоотӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз хавфу хатарҳои оқибатҳои имконпазири  пандемияи COVID-19 ва расонидани кумакпулии яквақтаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ маҳсуб меёбанд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 24, 2021 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд