Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олиро дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ баррасӣ карданд

Ноябрь 16, 2021 09:54

ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаи интихоби Сарвари давлат дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки ҳамаи рукнҳои ҳокимият дар асоси Конститутсия ба таври муназзам ва мунтазам ба фаъолият оғоз карда, дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика, тиҷорат, соҳибкорӣ, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, боло бурдани мақоми занону ҷавонон  давлати соҳибистиқлоламон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Бинобар ин нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар ҳофизаи таърихӣ абадан аз худ рақам мемонад. Ин нуктаро зимни суханронии худ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ» тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ҳамчунин муовини ректор Хайрулло Мирзамонзода маърӯза намуда, иштироккунандагонро бо рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва инчунин бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, доир ба нақши Иҷлосия ва нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободию осоиштагии кишвар сухан гуфт.

Конференсия бо маърӯзаи Раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Авзалов идома ёфт. Ӯ хотираҳои хешро ҳамчун иштирокчии ин Иҷлосияи тақдирсоз  иброз дошта, диққати  омӯзгорон ва донишҷӯёнро барои баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, ҳифзи асолат ва муқаддасоти миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ҷалб кард.

Дар идома Нависандаи халқии Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ ва ходими давлатӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Кароматулло Олимов доир ба мавзӯи болозикр сухан гуфтанд.

Дар фарҷоми конференсия бахшида ба рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президент аз ҷониби ҳунармандони ансамбли «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.

АКСҲО: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

Ноябрь 16, 2021 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст