Дар Душанбе Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид

Ноябрь 18, 2021 09:31

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ва ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи  таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон 

Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо доир гардид. Баъд аз қуваозмоии ҷавонон дар рӯзи охири мусобиқа таэквондочиёни наврас барои ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам мубориза бурданд.

Таэквондо ВТФ яке аз риштаҳои маъмули варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстдорони зиёд дорад. Насли наврас пайваста талош мекунанд, то дар ин ришта ҳунару маҳорати худро сайқал дода, парчамбардори давлати худ бошанд. Дар охир ба ғолибон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон медалу ифтихорномаҳо супорида шуданд.

                                                                                     АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 18, 2021 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад