Дар Душанбе Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи шаҳрӣ оид ба таэквондо ВТФ миёни наврасон ва ҷавонон дар сатҳи баланд баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон
Мусобиқаи мазкур дар толори варзишии Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои таэквондо доир гардид. Баъд аз қуваозмоии ҷавонон дар рӯзи охири мусобиқа таэквондочиёни наврас барои ҷойҳои ифтихорӣ миёни ҳам мубориза бурданд.
Таэквондо ВТФ яке аз риштаҳои маъмули варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯстдорони зиёд дорад. Насли наврас пайваста талош мекунанд, то дар ин ришта ҳунару маҳорати худро сайқал дода, парчамбардори давлати худ бошанд. Дар охир ба ғолибон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон медалу ифтихорномаҳо супорида шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






