Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба муносибати Рӯзи Президент ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — асосгузори рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифи Тоҷикистони муосир дар арсаи байналмилалӣ» бо иштироки кормандони Кумита ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш зикр гардид, ки Рӯзи Президент бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа таҷлил шуда, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентӣ ба Истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Пешвои миллат вобаста дониста мешавад.
Хизматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад.
Дар баробари ин, Президенти кишвар ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла заминаи мусоид барои таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу таърихи ғанӣ, иқлими созгор, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти мамлакат қарор дорад.
Бо амалисозии сиёсати «дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ гашт ва ин омил барои ҳамгироии соҳаи сайёҳии кишвар ва баромадан ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Тазаккур дода шуд, ки дар заминаи сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ҳукумати мамлакат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст ва он тибқи баҳогузориҳои созмонҳои байналмилалӣ, ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ҷолиб, роҳҳои зеботарини дунё, мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона, даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ, панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ва дигар эътирофҳои ҷаҳонӣ сазовор гаштааст.
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Президенти мамлакат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳонист.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба ҷанбаҳои муҳими ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳии мамлакат табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад






