Дар Маҷлиси намояндагон масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид

Ноябрь 18, 2021 13:04

ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус зимни  вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.

Зикр гардид, ки мулоқоти имрӯза имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо маҳсуб мешавад.

Рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид. Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.

Иброз гардид, ки мулоқоти Сарони ду давлат воқеан анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам доир мегардад, ки зимини он дар маҷмӯъ масъалаҳои таҳким бахшидани амният ва истиқрор дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамоянд.

Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус пайравони мӯътақид ва собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории самаранок дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳарду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи якхела доранд.

Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои  тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон омодагӣ барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд. Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.

Ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим бар нафъи мардумони кишварҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистон ва Белорус ва ғайра баррасӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро низ муҳокима карданд.

Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси  намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Мавлудахон Мирзозода, Зоир Раҳмонзода, Неъматулло Холбойзода ва Ғайрат Азиззода иштирок намуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Ноябрь 18, 2021 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид