Дар Маҷлиси намояндагон масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар”.
Зикр гардид, ки мулоқоти имрӯза имкони баррасии ҳолат ва дурнамои ҳамкории кишварҳо дар ҳама ҷанбаҳо маҳсуб мешавад.
Рушди муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус дар марҳалаи имрӯза дар сатҳи баланд арзёбӣ гардид. Муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба пайваста мусоидат мекунад.
Иброз гардид, ки мулоқоти Сарони ду давлат воқеан анъанавӣ гардида, дар доираи чорабиниҳои минтақавӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мунтазам доир мегардад, ки зимини он дар маҷмӯъ масъалаҳои таҳким бахшидани амният ва истиқрор дар минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, ба раванди ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамоянд.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин таъкид намуд, ки Тоҷикистон ва Беларус пайравони мӯътақид ва собитқадами тавсеа ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи ҳамкории самаранок дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ, ки ҳарду кишвар аъзои онҳо мебошанд, мавқеи якхела доранд.
Вобаста ба аксари масъалаҳои муҳими байналмилалӣ назар ва мавқеи ҳарду кишвар ба ҳам наздик буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус оид ба масъалаҳои узвият дар сохтори байналмилалӣ ҳамдигарро ҷонибдорӣ менамоянд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ҷараён гирифт, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ байни мамлакатҳо изҳор доштанд.
Дар мулоқот ҳамзамон омодагӣ барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ду кишвар ва субектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус таъкид шуд. Зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур аст.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим бар нафъи мардумони кишварҳо дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ, маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҳамкории муассисаҳои олии таълими Тоҷикистон ва Белорус ва ғайра баррасӣ гардид.
Зимни баррасии масъалаҳои таъмини амнияти сартосарӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро низ муҳокима карданд.
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Беларус Мавлудахон Мирзозода, Зоир Раҳмонзода, Неъматулло Холбойзода ва Ғайрат Азиззода иштирок намуданд.
АКС: МН МО ҶТ








Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»






