Дар мавзеи оромгоҳи Лучоб беш аз 800 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд

Ноябрь 17, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, ки дар мавзеи оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе баргузор гардид, беш аз 800 адад ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ин тадбир  дар доираи иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам  Рустами Эмомалӣ  ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе амалӣ гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ беш аз 400 нафар кормандони дастгоҳи марказии Кумита, зерсохторҳои он дар пойтахт, Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе, сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар сабзу хуррамгардонии мавзеи Лучоб саҳми босазо гузоштанд.

Тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сабзу хуррам гардонидани муҳити зист ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуда, боғҳои нав бунёд мегарданд. Ин иқдоми наҷибона аз ҷониби шаҳрвандони кишвар ҳамовозӣ пайдо намуда, ҳар як нафар мехоҳад дар корҳои ободонию сабзкорӣ саҳм гузорад.  Шинонидани беш аз 800 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ дар мавзеи оромгоҳи Лучоби пойтахт дар ҳолест, ки  дар ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонии мавсими тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022 13 ноябри соли равон расман оғоз гардид.

         АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 17, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд