Дар ноҳияи Темурмалик кишти тирамоҳии ғалладона оғоз гардид

Ноябрь 17, 2021 14:19

ТЕМУРМАЛИК, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Темурмалик ба кишти тирамоҳии  ғалладона оғоз намуданд. Ба ин хотир  мошинолоти  зарурӣ ба кор сафарбар шуда, деҳқонон бо истифода  аз таҷрибаи пешқадам ба шудгори заминҳои лалмӣ камар бастаанд.  Дар  ҳудуди ноҳияи Темурмалик 12 ҳазору 636  гектар заминҳои корам мавҷуданд, ки  аз ин ҳисоб 736 гектари онро  заминҳои обӣ буда, самаранок истифода бурда мешаванд. Иқлим  ва заминҳои ноҳия  барои кишту парвариши зироати гуногун, аз ҷумла гандум, ҷав, зағир ва лубиёгиҳо мусоид аст, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Миёни  мутахассисону деҳқонон оид ба дараҷаи намнокии замин,  интихоби  навъҳои серҳосили гандум ва истифодаи дурусти қоидаҳои агротехникӣ табодули таҷриба сурат мегирад. Ба иттилои сардори идораи кишоварзии ноҳия Юсуф  Аваззода,  имсол хоҷагидорон  тибқи дурнамо дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар гандум кишт мекунанд. Аъзои Хоҷагии тухмипарварии ба номи Ҷалолиддин Румӣ, ки 1350 гектар  замин барои кишти гандум доранд, ҳар сол аз аввалинҳо шуда, ба кишту кор шурӯъ менамоянд ва дар таъмини  кишоварзон  бо тухмиҳои серҳосил саҳм мегузоранд.

Тавре роҳбари хоҷагӣ Алишер Қароқулов  иттидоъ дод, онҳо  соли равон аз ҳар гектар  заминҳои лалмӣ  аз 18 то 20-сентнерӣ  ҳосили гандум ҷамъоварӣ намуданд.

«Имсол 16 тонна гандуми  заҳролудшуда  дар анборҳо  захира кардаем, ки  навъҳои тухмии  минтақабоби  ба иқлим мувофиқ мебошанд»,-гуфт роҳбари хоҷагӣ.

Ба гуфти  масъулини  идораи кишоварзии ноҳия, барои сари вақт  анҷом додани корҳои кишоварзӣ 195 техникаи зарурӣ, пеш аз ҳама,  136 адад тракторҳои ҷуфтгар дар хати тайёр қарор доранд ва деҳқонон  бо истифода аз чунин  заминаҳои моддию техникӣ корҳои кишоварзии худро бе мушкил ба анҷом мерасонанд.

Деҳқонони ноҳия ният доранд имсол  низ яке аз аввалинҳо шуда, шудгор ва кишту кори тирамоҳиро сари вақт ба анҷом расонанд ва ба ин восита ҳам худ фоида гиранду ҳам бозори истеъмолиро бо  маҳсулоти худӣ таъмин намоянд.

АКС: мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии ноҳии Темурмалик

Ноябрь 17, 2021 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъоварии ҳосили қулфинайи гармхонагӣ оғоз гардид
Дар ниҳолхонаи Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Лахш беш аз 33 ҳазор бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Дар ин самт ҳифз ва афзоиш додани ҷангалзор зарур аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Лимӯи Тоҷикистон аз витамини C бой буда, онро бояд дар ҷойи торику салқин нигоҳ дошт
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Хуросон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ омодагӣ доранд
Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва UNODC дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориро тақвият медиҳанд
БУНЁДИ БЕШ АЗ 113,5 ГЕКТАР БОҒҲОИ СИТРУСӢ. Доктори илмҳои биологӣ Саидалӣ Гулов ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардидааст
ТАҲКИМИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ИННОВАТСИЯ. Шарҳи мутахассис дар ин мавзуъ
«Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» тасдиқ гардид
Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид