Дар Қубодиён қаллобон барои тасарруфи беш аз 150 ҳазор сомонӣ дастгир шуданд

Ноябрь 15, 2021 10:02

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Қубодиён Абдукарим Абдуллоев ва Матлюба Зиёдализода барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ аз шаҳрванд «А» маблағ талаб намуда, баъд аз тасарруфи беш аз 150 ҳазор сомонӣ дастгир гардидаанд. Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба онҳо айб эълон шуда, парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.

«Шаҳрванд Абдуллоев Абдукарим Рауфович дар асоси маслиҳати пешакӣ бо муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён, капитани милитсия Матлюба Зиёдализода ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои кумак намудан дар парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба писараш дар шаш ҳолат маблағи умумии 154 ҳазор сомониро гирифтаанд ва ин маблағро тасарруф намуда, ба манфиати охирин ягон амали муайян иҷро накардаанд», — иттилоъ доданд аз Агентӣ.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба А.  Абдуллоев ва М. Зиёдализода бо моддаи 247,  қисми 4,  банди «б»-и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айб эълон карда шуда, парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи шаҳрвандони мамлакат чунин муроҷиат мекунад:

«Дар хотир дошта бошед, ки коррупсия ҳамчун ҷинояти вазнин яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии давлат мегардад. Биёед бо ин зуҳуроти хавфноки ҷомеа якҷоя муқовимат намоем! Телефони боварии мо: (+992 37) 224 – 23-23».

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Ноябрь 15, 2021 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад