Дастаи «Вавилон» соҳиби Ҷоми «Бабри барфӣ» гардид

Ноябрь 24, 2021 13:25

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Вавилон» дар мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» пирӯз гардида, соҳиби ҷоми «Бабри барфӣ» гардид. Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии шаҳри Душанбе доир гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.

Мусобиқаи футзал барои дарёфти Ҷоми «Бабри барфӣ» бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид  бо мақсади рушди варзиш  ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа гузаронида шуд.

Ҷоми «Бабри барфӣ» аз 23 октябр то 20 ноябр дар ду марҳила — марҳилаи гурӯҳӣ ва марҳилаи плей-офф гузаронида шуда, дар  марҳилаи гуруҳӣ 12 даста, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд, ширкат карданд. Аз ҳар гурӯҳ ду даста, инчунин ду дастаи дигар, ки бо нишондодҳои беҳтарин ҷойҳои сеюмро гирифтанд, ба чорякфинал баромаданд. Дар финали мусобиқа дастаҳои «Вавилон» ва «Рахш-Таксӣ» бо ҳам вохӯрданд. Вохӯрӣ бо  пирӯзии «бобулиҳо» бо ҳисоби  5:4 анҷом ёфт. «Динамо»-чиён дар вохӯрӣ барои гирифтани ҷои сеюм дастаи «Абдулло»-ро бо ҳисоби 7:5 мағлуб карданд.

Кумитаи тадорукоти Ҷоми  «Бабри барфӣ» беҳтарин бозингарони ин мусобиқаро муайян ва қадрдонӣ намуд.

Руслан Тиллоев  аз дастаи «Рахш-Таксӣ» беҳтарин бозингари финал дониста шуда, голзани беҳтарини мусобиқа Ибод Назиров аз «Рахш-таксӣ» гардид. Ҷоизаи беҳтарини мусобиқа ба Алишер Улмасов  аз дастаи «Вавилон» насиб   гардид. Фонди ҷоизаи мусобиқа 12 ҳазор сомониро ташкил дод. Ғолиб ба ҷуз Ҷом 7 ҳазор сомонӣ, ғолиби ниҳоӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гирифтанд.

             АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҶТ

Ноябрь 24, 2021 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид