«Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» — бардошт аз таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» — таҳти чунин унвон имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон ширкат варзиданд.
Нахуст, иштирокчиёну меҳмонон аз толори Осорхонаи асарҳои тозанашри Пешвои миллат дидан намуданд, ки дар он китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон, фаъолияти босамари ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд.
Ҳамоиши тантанавӣ бо Суруди миллӣ, ки аз ҷониби иштирокчиён қироат шуд, оғоз гардид.
Сипас, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Зикр шуд, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»
















Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






