«Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» — бардошт аз таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Душанбе

Ноябрь 15, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои маҳбуби тоҷикон ва Президенти сулҳофар» — таҳти чунин унвон имрӯз ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Ҳамоиши мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллии давлатдорӣ, пойдории истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, дар он роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону донишмандон, адибону шоирон, мутахассисону коршиносон ширкат варзиданд.

Нахуст, иштирокчиёну меҳмонон аз толори Осорхонаи асарҳои тозанашри Пешвои миллат дидан намуданд, ки дар он китобҳои марбут ба таърихи миллати тоҷик ва давлатдории тоҷикон, фаъолияти босамари ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 30 соли истиқлолият ба намоиш гузошта шуда буд.

Ҳамоиши тантанавӣ бо Суруди миллӣ, ки аз ҷониби иштирокчиён қироат шуд, оғоз гардид.

Сипас, муовини якуми Раиси  шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин расонида, иброз дошт, ки бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миилат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016  16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Зикр шуд, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд.

Таъкид гардид, ки таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои маҳбуби точикон ва Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзӣ расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда пайвастааст.

Аксҳо аз АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАМЗИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд
Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ насиби шаҳри Душанбе гардид
Дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият менамояд
МУШКИЛОТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа ҳамоиш доир шуд
ЭТИКАИ КАСБИИ РОНАНДАГОН. Дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» доир ба риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ машварат доир гардид