Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 4.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид, ки дар он аз рӯи номинаи «қаннодӣ» ҷойи аввал ба ҶДММ «Анас-ОА»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд. Дар номинаи «ҳалвопазӣ» ҷойи аввалро соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Шоҳмансур Ҳокимой Шоева ба даст овард.
Ҳамчунин дар номинаи «қаннодӣ» ҷойи дуюм ба ҶДММ «Амирӣ» ва ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.
Дар номинаи ҳалвопазӣ ҷойи дуюмро намояндаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовор гардида, ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим гардид.
Бояд зикр намуд, ки дар фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, намояндагони корхонаву ширкатҳои қаннодӣ ва ҳалвопазии пойтахт иштирок намуданд.
Дар даромадгоҳи фестивал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии чор ноҳияи пойтахт дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода иброз дошт, ки мақсад аз баргузории фестивали мазкур- баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли корхонаҳои саноатии пойтахт ва беҳтар намудани сифати истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Зикр шуд, ки миллати тоҷик аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.
Зикр гардид, ки дар бахши омодасозии шириниву қаннодиҳо бонувони тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур намудан ғайриимкон аст.
Бояд тазаккур дод, ки ҳунари қаннодиву ҳалвопазии тоҷикон таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо то имрӯз ташаккул ёфта истодааст.
Ҳалвопазӣ яке аз ҳунарҳои аҷдодӣ буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну маросим бо анвои васеъаш омода карда мешавад.
Ҳалвоҳое, ки миёни мардуми тоҷик маъмуланд, инҳоянд: ҳалвои сафедак, ҳалвои сурх, ҳалвои тар, ҳалвои ширӣ, ҳалвои кунҷидӣ, парварда, ҳалвои пашмак, ҳалвои лавз, ҳалвои бодомӣ, ҳалвои чормағзӣ, ҳалвои пистагӣ, ҳалвои печак, ҳалвои мағзӣ, ҳалвои регак, ҳалвои оби дандон, ҳалвои оби набот ва ғайра. Бояд як нуктаро зикр намуд, ки бонувони тоҷик дар тўю маъракаҳояшон бештар ҳалвоҳои сафедак ва сурх омода месозанд.
Сокини маҳаллаи Мир Саид Алии Ҳамадонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Уғулой Мирзоева, ки дар фестивали мазкур навъҳои гуногуни ҳалворо пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонидааст, иброз дошт, ки ҳалворо тоҷикон, махсус дар тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросими хурсандиашон бештар рӯйи дастархон мегузоранд. Онро ҳамчун рамзи ширинии ҳаёт дар ҷашни арӯсӣ ва маросими дигар бо муроду орзуи нек ба соҳибҷашнҳо мечашонанд.
Ба зикри мавсуф, маъмултарин ҳалвои мардуми тоҷик ҳалвои сафедак ба шумор меравад, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон онро омода менамоянд. Таркиби ҳалвои сафедак аз равғани яхии гӯсфанд ё равғани зард, орд ва хокаи шакар иборат мебошад.
Дар фарҷоми фестивал аъзои ҳакамони чорабинӣ ғолибонро муайян намуда, ба онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипосномаҳо супорида шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд






