Имрӯз дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ ҷамъбаст гардид

Ноябрь 4, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 4.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ» даври шаҳрии Фестивали қаннодӣ ва ҳалвопазӣ баргузор гардид, ки дар он аз рӯи номинаи «қаннодӣ» ҷойи аввал ба ҶДММ «Анас-ОА»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супорида шуд. Дар номинаи «ҳалвопазӣ» ҷойи аввалро соҳибкори инфиродӣ аз ноҳияи Шоҳмансур  Ҳокимой Шоева ба даст овард.

Ҳамчунин дар номинаи «қаннодӣ» ҷойи дуюм ба ҶДММ «Амирӣ» ва ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.

Дар номинаи ҳалвопазӣ ҷойи дуюмро намояндаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовор гардида, ҷойи сеюм ба намояндаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Бояд зикр намуд, ки дар фестивали мазкур роҳбарияту намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо, намояндагони корхонаву ширкатҳои қаннодӣ ва ҳалвопазии пойтахт иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи фестивал меҳмонону иштирокчиён аз намоиши навъҳои гуногуни маҳсулоти қаннодии чор ноҳияи пойтахт дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода иброз дошт, ки мақсад аз баргузории фестивали  мазкур- баланд бардоштани иқтидори истеҳсоли корхонаҳои саноатии пойтахт ва беҳтар намудани сифати истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Зикр шуд, ки миллати тоҷик аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳангии моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст.

Зикр гардид, ки дар бахши омодасозии шириниву қаннодиҳо бонувони тоҷик маҳорати баланди кадбонугӣ дошта, хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷиконро бидуни шириниҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони  тоҷик тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Бояд тазаккур дод, ки ҳунари қаннодиву ҳалвопазии тоҷикон таърихи куҳан дошта, дар тӯли ҳазорсолаҳо то имрӯз ташаккул ёфта истодааст.

Ҳалвопазӣ яке аз ҳунарҳои  аҷдодӣ  буда, он миёни мардуми тоҷик аз даврони қадим дар тӯю маъракаҳо ва дигар ҷашну маросим бо анвои  васеъаш омода карда мешавад.

Ҳалвоҳое, ки миёни мардуми тоҷик маъмуланд, инҳоянд: ҳалвои сафедак, ҳалвои сурх, ҳалвои  тар, ҳалвои ширӣ, ҳалвои кунҷидӣ, парварда, ҳалвои пашмак,  ҳалвои лавз,  ҳалвои бодомӣ, ҳалвои чормағзӣ, ҳалвои пистагӣ, ҳалвои печак, ҳалвои мағзӣ, ҳалвои регак, ҳалвои оби дандон, ҳалвои оби набот  ва ғайра. Бояд як нуктаро зикр намуд, ки бонувони тоҷик дар тўю маъракаҳояшон бештар  ҳалвоҳои сафедак ва  сурх  омода месозанд.

Сокини маҳаллаи Мир Саид Алии Ҳамадонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Уғулой Мирзоева, ки дар фестивали мазкур навъҳои гуногуни ҳалворо пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонидааст, иброз дошт, ки ҳалворо тоҷикон, махсус  дар тӯю маъракаҳо ва ҷашну маросими хурсандиашон бештар рӯйи дастархон мегузоранд. Онро ҳамчун рамзи ширинии ҳаёт дар ҷашни арӯсӣ ва маросими дигар бо муроду орзуи нек ба соҳибҷашнҳо мечашонанд.

Ба зикри мавсуф, маъмултарин ҳалвои мардуми тоҷик ҳалвои сафедак ба шумор меравад, ки дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон онро омода менамоянд. Таркиби ҳалвои сафедак аз равғани яхии  гӯсфанд  ё  равғани зард, орд ва хокаи шакар иборат мебошад.

Дар фарҷоми фестивал аъзои ҳакамони чорабинӣ ғолибонро  муайян намуда, ба онҳо аз  ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипосномаҳо супорида шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 4, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд