«Истиқлол» чемпиони даҳкаратаи Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи бозиҳои даври 25-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ «Истиқлол» бар дастаи «Душанбе» бо ҳисоби 8:0 пирӯз ва пеш аз муҳлат чемпиони Тоҷикистон шуд, иттилоъ доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ин маротибаи даҳум аст, ки дастаи “Истиқлол”-и Душанбе унвони чемпиониро мегирад. Қаблан клуби Душанбе медалҳои тиллои Чемпионати Тоҷикистонро солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019 ва 2020 ба даст оварда буд.
Пеш аз анҷоми чемпионат, ки ду давр мондааст, дастаи «Душанбе» аз ҳаққи иштирок дар бозиҳои мавсими ояндаи Лигаи олӣ маҳрум шуд. Дастаи дигаре, ки Лигаи олиро тарк мекунад, мумкин аст «Эсхата», «Файзканд» ё «Кӯктош» бошад.
Медалҳои нуқраи чемпионати мамлакат насиби дастаи «Хуҷанд» гардида, дастаҳои «Истаравшан» ва КМВА барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. 23 ноябр ин ду даста дар Истаравшан бо ҳам вомехӯранд.
АКС: Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






