Муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода: Васеъ намудани салоҳияти суд кафолати ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд аст

Ноябрь 6, 2021 10:18

ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳимояи воқеии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф кардааст, танҳо суде амалӣ карда метавонад, ки агар вай неруманд ва дахлнопазир бошад. Вобаста ба ин, ташаккули ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат гирифта, комилан ба онҳо мувофиқ гардонида шудааст. Чунин ибрози назар намуд муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин БОБОХОНЗОДА зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар”.

Ҳамасола 6 ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи бузург ва нақши Конститутсия дар фаъолияти рӯзмарраи судяҳо ҳамсуҳбати мо гуфт, ки соли 1994 дар таърихи давлатдории тоҷикон тағйироти тақдирсоз ба вуқӯъ пайваст. Конститутсияи аввалини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул ва соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлатамон эътироф гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рӯи хусусияти демократии худ яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон  эътироф  шудааст, аз муқаддима то анҷоми он бевосита ё бавосита риоя ва механизми таъмини ҳуқуқҳои инсонро ба ҳайси бузургтарин музаффарияти ҷомеаи башарӣ дар худ таҷассум  намудааст.

Дар давраи баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими истиқлолияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик падида ва назарияҳои ҷадид, вале дар ҷомеаи пешқадами башарӣ аллакай санҷидашуда, пазируфташуда, ба монанди мафҳумҳои ҳуқуқҳои фитрии инсон, давлати ҳуқуқбунёд, давлати иҷтимоӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии мафкуравӣ ва ғайраҳо густариши тоза пайдо намудаанд. Яке аз масъалаҳои муҳим барои бунёди давлати ҳуқуқбунёд- ин таҳия ва қабули қонунҳои мураттаби миллии ба Конситутсияи Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ дар доираи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва дастовардҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон баъд аз соҳибистиқлол гардидан, Конститутсияи ҷумҳуриро қабул намуд, ки тибқи моддаи 5-и он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намудааст.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Ҷиҳати риояи ҳамин муқаррароти Конститутсия ва уҳдадориҳои Тоҷикистон, ки аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмиллалӣ бармеоянд, давлату ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади таъмини волоияти мақоми инсон дар ҷомеа тадбирҳои мушаххас андешида, пайваста онҳоро амалӣ мегардонад. Чунончӣ, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 104 қисми 2, 138 қисми 3, 179 қисми 3, 398, 399 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар моддаҳои 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222 Кодекси иҷрои ҷазои ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шавад. Дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол муайян карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалиро, ки вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсонанд, эътироф кардааст, ки онҳо иборат аз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғайра мебошанд, ки зиёда аз 33 ададро ташкил медиҳанд.

Аз рӯзи соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои ҷумҳурӣ дар асоси меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, қонунҳое, ки то давраи ба даст овардани истиқлолият қабул шуда буданд, аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва имрӯзҳо низ чунин мутобиқгардониҳо идома дорад.

Бо мақсади дар амал татбиқ гардидани талаботи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди он ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд, давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, моддаи 18-и Конститутсияи мамлакат муқаррар кардааст: «Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад. Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин. Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст».

Бо мақсади такмили минбаъдаи фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат 22 апрели соли 2006 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён карда буданд, ки «… Ба хотири рушду такомули минбаъдаи ҳокимияти судии кишвар Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дарназардошти шароити имрӯзаи кишвар таҳия ва пешниҳод намоянд…»

Маҳз ҳамин дастуру супоришҳои Сарвари давлат барои таҳия ва қабули Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Аз ин ҷост, ки Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 июни соли 2007 тасдиқ гардида, тибқи он якчанд  қонунҳои миллӣ, аз қабили КМГ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳо қабул гардиданд.

Суд мақомоти мустақили ҳокимияти давлатӣ буда, дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвандаҳои конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ санадҳои судӣ қабул мекунад. Фаъолияти суд оид ба баррасӣ ва ҳалли парвандаҳои зикргардида бевосита бо принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимият, мустақилияти ҳокимияти судӣ, низоми судӣ ва суд ҳамчун барандаи ин ҳокимият барои амалӣ намудани адолати судӣ, чун вазифаи мустақили иҷтимоии давлат алоқамандӣ дорад.

Имрӯз зарурати воқеии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ моро вазифадор месозад, ки ба хотири рушду такомули давлату ҷомеа, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ояндаи наздик қонунҳои амалкунандаи мо бояд ба меъёрҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқ гардонида шуда, ба равандҳои демократикунонии ҷомеа ва татбиқи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ дар кишварамон мусоидат намоянд.

Шарти ниҳоят муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ аз дахолати бевосита ва беасосу бедалели мақомоти давлатӣ озод будани шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, ташаккули заминаи қонунии ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти марбутаи давлатӣ  мебошад. Маҳз дар партави ҳамин омили муҳим бо Фармони дар боло зикргардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2007 «Барномаи ислоҳоти судӣҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ дар мамлакат вусъати бесобиқа пайдо кард, ки дар ин раванд бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи Пешвои миллат, ҳокимияти судии кишвар мавқеи пешоҳангро доро буда, баҳри амалигардонии сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Воқеан, пойдории давлат ва бақои он ба адолати судӣ эҳтиёҷ ва пайвастагии ногусостанӣ дорад. Ин омили муайянкунанда тақозо менамояд, ки пайваста ҳокимияти судӣ таҳким ва густариш ёбад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, сохтмони ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Бояд арз намуд, ки асоси ислоҳоти судӣ- ин тақвият бахшидани мақоми суд, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар пояи он куллан тағйир додани сарнавишт ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Ҳамин тариқ, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини мустақилият ва дахлнопазирии судяҳо яке аз ҳадафҳои умдатарин ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, борҳо таъкид кардаанд, ки «имрӯз барои ҷомеаи навини тоҷикон суди бо мазмуни аслиаш пурқувват ва боэътимод беш аз пеш зарур аст».

Ҳимояи воқеии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ эътироф кардааст, танҳо суде амалӣ карда метавонад, ки неруманд ва дахлнопазир бошад. Феълан, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои пиёда кардани ин иқдом шароити хуб фароҳам сохтааст. Дар айни замон ислоҳот тамоми фаъолияти рӯзмарраи ҳокимияти судиро ҷиҳати татбиқи воқеии соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ (моддӣ ва мурофиавӣ), бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бевосита дар кори ба амал баровардани адолати судӣ робитаи зичи ногусастанӣ доранд, дар бар мегирад.

Мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва прокуратура ҳокимияти судиро бо далелҳои амиқи боэътимод таъмин намуда, муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, иҷрои  ҳукмҳои судиро бечунучаро таъмин  менамоянд. Аз ин рӯ, мақомот ва сохторҳои ҳамчун силсилазанҷири сарбастаи ҳифзи ҳуқуқ ҳар яке дар алоҳидагӣ ба ин ислоҳот ҷалб ва дар амалигардонӣ ва идомаи он ширкат намуда истодаанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 6, 2021 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насруло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон