Намояндагони Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Growtech 2021» дар Туркия иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ — «Growtech 2021» ифтитоҳ гардид, ки дар он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд. Дар ин бора аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки 24 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Намоишгоҳи 20-уми байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech 2021» расман ифтитоҳ гардид, ки он то 27 ноябр идома меёбад.
Бо даъвати Ассотсиатсияи содиркунандагони Баҳри Миёназамин (BAİB) дар намоишгоҳи мазкур бо дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Палата бо роҳбарии раиси кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов иштирок доранд.
Дар намоишгоҳ зиёда аз 600 ширкат аз 40 мамлакат ва даҳҳо ҳазор нафар меҳмонон аз 130 кишвар иштирок менамоянд. Масоҳати намоишгоҳ зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ буда, дар ҷараёни он дар мавзӯъҳои муҳими соҳаи боғдорӣ ва кишоварзӣ машварату вохӯриҳо гузаронда мешаванд.
Зикр карда шуд, ки аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ иштирок намуда, бо мақсади рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо ширкатҳои хориҷӣ, пайдо намудани шарикони ҳамкор, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир, ба роҳ мондани содироти молу маҳсулот, омӯхтани комёбиҳои навтарини истеҳсолот ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ бо ширкатҳо аз Туркия, Озарбойҷон, Бразилия, Нидерландия, Украина ва Эрон вохӯриҳо доир менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии гармхонаҳо, таҷҳизоти кишоварзӣ ва чорводорӣ «Growtech» ҳамасола доир гашта, доираи фаъолияти худро васеъ менамояд.
АКСҲО: ПССТ











Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






