«ОҲАНГҲОИ ДАВРОНИ РАФТА». Филми коргардони тоҷик Аниса Собирӣ соҳиби ҷоизаи Фестивали байналмилалии «Calvert Journal» гардид

Ноябрь 2, 2021 15:21

ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Филми мустанади шоир ва коргардони тоҷик Аниса Собирӣ «Оҳангҳои даврони рафта» («Rhythms of Lost Time») дар Фестивали байналмилалии «Calvert Journal» ҷоизаи маҳбубтарин филм аз нигоҳи тамошобинонро ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи www/ calvertjournal.com.

Фестивали мазкур аз 18 то 31 октябр тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он 35 филм аз давлатҳои Аврупои шарқӣ, Балкан, Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ намоиш дода шуданд. Барои ғолибон 6 ҷоиза муқаррар шуда буд, ки яке аз онҳо насиби коргардони тоҷик Аниса Собирӣ шуд.

Филми «Оҳангҳои даврони рафта»  45 дақиқа буда, муҳтавои он дар барои мусиқиҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон мебошад.

Аниса Собирӣ дар як мусоҳибааш вобаста ба ин филм чунин гуфтааст: «Дар вилояти кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мусиқӣ аз таваллуд то марг дар зиндагии мардум ҷой дорад».

Бояд гуфт, ки филми «Оҳангҳои даврони рафта» моҳи августи соли равон дар Фестивали  филмҳои мустанади Sole luna festival дар Италия ҷоизаи «Акси беҳтарин»-ро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар сомонаи calvertjournal.com вобаста ба Фестивал маълумоти бештар ҷой дода шудааст. Инчунин дар он шарҳи пурраи коргардони тоҷик Аниса Собирӣ дар бораи филми мазкур ва дигар анъанаҳои фарҳанги Тоҷикистон нашр гардидаанд.

Аксҳо аз бойгонии шахсии А. Собирӣ ва сомонаи www/calvertjournal.com

Ноябрь 2, 2021 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид