Ғолибони Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ муайян шуданд

Ноябрь 22, 2021 15:55

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Душанбе дар  «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ва Озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ баргузор гардид. Дар он аз рӯи бахшҳои алоҳида ба лоиҳаҳои эҷодии 11 нафар «Шоҳҷоиза» супорида шуда, 170 нафар хонандагон бо диплому мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. Инчунин дар озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ аз рӯи чор номина 11 иштирокчӣ  сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе  бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 15 то 20 ноябр бахшида ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  гузаронида шуда, мақсад аз он дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.

Зимни ифтитоҳи ҳамоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки “ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ,  омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ, тарғиби маданияти истифодаи иттилооти интернетӣ, ҷорӣ намудани техникаю технологияи инноватсионии муосир дар раванди таълим ҷалб намудану сайқал додани донишу маҳорат ва дастгирии  ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон мебошад”.

Иттилоъ дода шуд, ки, дар рӯзи аввали ҳафта дарси маҳорат оид ба таҳия ва пешниҳоди корҳои илмӣ – эҷодӣ, барномасозӣ, моделсозӣ ва паркҳои технологӣ баргузор мегардад. Инчунин дар ин рӯз баргузории Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти ҷамъияти илмии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар назар дошта шудааст.

Дар ҳафтаи равон ҳамчунин баргузории Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсонӣ бо инобати муаррифии барномаҳои инноватсионии иштирокчиёни бахшҳои озмунии Ҳафтаи  илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе, конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз бахши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, намоишгоҳи дастовардҳои инноватсиониву технологӣ ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе баргузор карда шуд.

Дар доираи ҳафтаи мазкур дар баробари хонандагону муаллимон инчунин олимону мутахассисон ва коршиносони соҳа низ фаъолона ширкат варзиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни барномаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода зикр намуд, ки озмуни шаҳрии беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ бо мақсади рушди фарҳанги техникии аҳолӣ, мусоидат дар рушди иқтисодию иҷтимоии пойтахт тавассути истифодаи имкониятҳои технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва татбиқи сиёсати ҳукумати электронӣ дар фаолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Дар озмуни макур шахсони ҳуқуқию воқеӣ, ки дар сохтани сомона-интернетсайтҳое, ки бо истифода аз дастоварду навовариҳои муосири технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ҳисса гузоштаанд, ҳамзамон барои ҳалли масъалаҳои мубрами шаҳрдорӣ истифода бурда мешаванд, дар чор номина, аз ҷумла, беҳтарин сомонаи инноватсионӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, номинаи беҳтарин сомонаи инноватсионии иҷтимоӣ, беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкории давлатию хусусӣ, беҳтарин сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ иштирок намуданд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи номинаи беҳтарин сомонаи инноватсионӣ –хизматрасониҳои давлатӣ ҷойи аввал ба сомонаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи дуюм ба сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд.

Инчунин дар номинаи беҳтарин сомонаи инноватсионии иҷтимоӣ ҷойи якум ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи дуюм ба сомонаи Радиои «Садои Душанбе» дода шуд.

Дар бахши беҳтарин сомонаи инноватсионии ҳамкории давлатӣ- хусусӣ ҷойи аввалро сомонаи рӯзномаи эектронии «eDonish» ва ҷойи дуюмро сомонаи «Довталаб» соҳиб шуданд.

Дар номинаи сомонаи инноватсионии рушди соҳибкории ватанӣ ҷойи якум ба сомонаи «Smart servise» ва ҷойи дуюм ба сомонаи ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» супорида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 22, 2021 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад
Дар Душанбе даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мегардад
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Клуби «Волонтёрони экологӣ» таъсис дода шуд
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳалқаи кӯчаи Дӯстии халқҳо пайваст ба кӯчаи Меҳнат муваққатан қатъ мегардад
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!». Озмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин оғоз мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд
«САЙРИ МЕҲРГОН». Дар доираи ин хатсайр меҳмонони хориҷӣ бо таъриху суннатҳои ин ҷашни бостонӣ шинос шуданд