Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра шуд

Ноябрь 9, 2021 08:20

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар Мусобиқаи Baku Grand Slam-2021 сазовори медали нуқра шуд. Ў дар вазни +100кг рақобатро аз чорякфинал оғоз карда, бар Тиаго Палмини аз Бразилия ва дар нимфинал бар Свен Ҳинле аз Олмон ғалаба карда, дар финал аз Татсуру Саитои ҷопонӣ мағлуб шуда, ҷои дуюмро сазовор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқаи мазкур  дар ин вазн медалҳои биринҷиро Ушангӣ Кокаурӣ аз Озарбойҷон ва Тсетсентсенгел Одхуу аз Муғулистон гирифтанд.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ 5-7 ноябр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуд. Дар мусобиқа 195 варзишгар (128 мард, 67 зан) аз 29 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо шаш варзишгар ба ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ сафарбар гардиданд: Темур Раҳимов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73кг), Хушвақт Идиев, Ҳақназар Назаров (-81кг), Амирҷони Насимҷон  ва  Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг).

Муҳаммадраҳим Сарахонов ҷои ҳафтумро ишғол кард. Ӯ дар вазни -73кг дар рақобати аввалаш дар даври дуюм бар Виктор Степру аз Молдова пирӯз шуда, дар чорякфинал аз намояндаи Олмон Лукас Веннеколд ва дар рақобати тасаллобахш аз варзишгари Русия Аюб Хажалиев шикаст хӯрд.

Дигар варзишгаронамон дар рақоабти аввалинашон аз ҳарифон мағлуб шуданд.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2021 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад