ПАРЧАМ – РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ИТТИҲОДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ доир шуд

Ноябрь 24, 2021 16:16

ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчам – рамзи ҳувият ва иттиҳоди миллати тоҷик» ҳамоиши тантанавии фарҳангӣ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир гардида, дар он намояндагони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии мамлакат, варзишгарон – ғолибони мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Баъди дар фазои тантанавӣ, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату  ягонагӣ садо додани Суруди миллии Тоҷикистон муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ табрик  гуфта, иброз дошт, ки сокинони пойтахт ҳамеша зери сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат барои ободии шаҳр заҳмат кашида, дар рушди минбаъдаи он талош хоҳанд кард.

Зикр шуд, ки миллати сарбаланди тоҷик беш аз ҷаҳор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард. Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24-уми ноябр сурат мегирад, барои мардуми кишвар беназир ва арзишманд дониста мешавад. Ҳамасола сокинони Душанбешаҳр ин рӯзи босаодатро бо дастовардҳои тозаву муваффақиятҳои пайдарпай истиқбол мегиранд. Парчами давлатӣ  нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ба шумор меравад.

Парчам ва ойини парчамдорӣ миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳими фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода иброз намуд, ки давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадимӣ дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои фарзанди фарзонаи миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардиданд, ки он таҷассуми гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони мо мебошад.

Бояд гуфт, ки 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи навбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами миллии Тоҷикистон қабул гардид, ки соли равон ба қабули он 29 сол пур шуд. Ҳамзамон 30-юми августи соли 2011 дар остонаи таҷлили ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар шаҳри Душанбе парчами баландтарин дар ҷаҳон дар он сол бо баландии 165 метр ва паҳноии 60 бар 30 қомат афрохт, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик мебошад.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил карда мешавад. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ- Конститутсия, Нишони давлатӣ ва  Суруди миллӣ яке аз рукнҳо ва рамзҳои  давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид  шаҳодат медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки соли 2011 бо ташаббусу роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  баландтарин парчам дар ҷаҳон, ки баландии  сутунаш  165 метр мебошад, барафрохта шуда, ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардид.

Сокинони шарафманди пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, бахусус насли ҷавону ояндасоз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хуб дарк кардаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Дар ҳамоиш аз ҷониби ҷавонон бо мақсади арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ аксия баргузор гардида, ба меҳмонону иштирокдорон парчам тақсим карда шуд.

Инчунин баҳри баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи бошукӯҳи консертии тарранумгари истиқлолият, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ баргузор карда шуд.

Лозим ба зикр аст, ки имсол ҷиҳати таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 ноябри соли 2021, №655 ба тасвиб расида, дар доираи нақшаи чорабиниҳои он силсилачорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ, фарҳангӣ-зеҳнӣ, аз қабили мизҳои мудаввар, конференсияву ҳамоишҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ роҳандозӣ карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
 Тоҳири САИД

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст