ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ НАНГУ НОМУС ВА ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Таҳти чунин унвон дар Хатлон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишу чорабиниҳои идона баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи ҷамъомади идона муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва нишонаи давлатдорию ҳувияти миллии тоҷикон арзёбӣ намуд.
«Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад», — зикр кард.
Зикр шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят сутунпояҳо ва маҷмааҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар ҳамоиш баҳри болидахотирии иштирокдорон барномаи рангини ҳунарии тараннумгари Истиқлол, муқаддасоти миллӣ, хизматҳои мондагори Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ пешкаш карда шуд. Қобили зикр аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 инҷониб ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир гардид
Китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва марҳилаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» рӯнамоӣ гардид
Дар Хадамоти иҷро оид ба татбиқи хизматрасониҳои электронӣ машварати омӯзишӣ доир гардид
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии бехатар баррасӣ шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ ва бехатар корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон Даҳаи дастгирии шири модар оғоз гардидааст
«ҲУҚУҚ БА САЛОМАТӢ». Таҳти чунин унвон озмуни байналмилалӣ доир мегардад
Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад






