ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ — РАМЗИ НАНГУ НОМУС ВА ИҚБОЛИ БАЛАНДИ МИЛЛАТ. Таҳти чунин унвон дар Хатлон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид

Ноябрь 24, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоишу чорабиниҳои идона баргузор карда шуданд. Аз ҷумла, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳи ҷашнӣ доир гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҷамъомади идона муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро рамзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва нишонаи давлатдорию ҳувияти миллии тоҷикон арзёбӣ намуд.

«Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба фаъолияти мондагори Пешвои муаззами миллатамон пайванди абадӣ дорад», — зикр кард.

Зикр  шуд, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят сутунпояҳо ва маҷмааҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гулгаштҳои муосир ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар ҳамоиш баҳри болидахотирии иштирокдорон  барномаи рангини ҳунарии тараннумгари Истиқлол, муқаддасоти миллӣ, хизматҳои мондагори Пешвои миллат ва ваҳдати миллӣ пешкаш карда шуд. Қобили зикр аст, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 ноябри соли 2009 инҷониб ҳар сол 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 24, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид
Рӯзи Президентро дар ноҳияи Ёвон бо баргузории чорабиниҳои гуногун таҷлил намуданд
Ба муносибати Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар бинои Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд
Дар мавзуи «Низоми идоракунии президентӣ ва таъмини амнияти давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН – НАМУНАИ ДИПЛОМАТИЯИ МУТАВОЗИНУ СОЗАНДА. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Душанбе таҳти унвони «Президент — симои миллат ва рамзи давлат» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАҶАССУМИ ИРОДАИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТ ДАР БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ