ПЕШВОИ МИЛЛАТ — НАҶОТБАХШИ МИЛЛАТ. Андешаҳои сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода ба муносибати Рӯзи Президент

Ноябрь 15, 2021 08:15

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Чунин унвон гирифтани матлаб заминаи воқеии қавӣ дошта, барои дурустии он далелҳои собитшуда бешуморанд ва ба ҳеҷ васила наметавон онҳоро инкор кард. Чунин нигоштааст сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Барно Саидвализода дар мақолаи худ ба муносибати Рӯзи Президент, ки ба АМИТ «Ховар» пешниҳод шудааст.  

 Онро манзури хонандагон мегардонем.  

-Тағйири вазъи сиёсӣ дар собиқ кишвари шӯравӣ ба оғози раванди бозсозӣ, муҳайё гардидани гуногунандешӣ, озодии баён, ошкорбаёнӣ ва ба як ибора, афзалиятбахшӣ ба арзишҳои демократӣ рабт мегирад. Таҳаввулоти бамиёномада сабаби аз ҳам рехтани  давлати шӯравӣ гардид, ки касе интизораш набуд. Зимоми давлатдории ягона аз даст рафт ва ҷумҳуриҳои ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ Истиқлолияти худро ба ҷаҳониён эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс ба дигар ҷумҳуриҳо Эъломияи Истиқлолияти давлатии худро ҳангоме ба имзо расонд, ки вазъи сиёсии кишвар хеле муташанниҷ буд ва бадхоҳону душманони миллати тоҷик  мехостанд  миёни халқ ҳадафҳои нопоки худро дар амал татбиқ созанд. Зарурати ногузир аст, ки ин ҳама бояд бо далели қонеъкунанда тафсир ёбад, то мардум дӯсту душмани худро шиносад, аз ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, ки муҳтарам Пешвои миллат мунтазам ҳушдор медиҳанд, бархӯрдор бошад.

Бадхоҳони мо нақшаи хешро қабл аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дақиқтараш моҳи феврали соли 1990 амалӣ намуда, вазъи сиёсии кишварро ноором сохтанд, мардумро ба майдон кашиданд, бесарусомонӣ ба вуҷуд оварданд ва хуни инсонҳои бегуноҳро рехтанд. Сар задани ҳодисаи баҳманмоҳи соли навади қарни гузашта бадхоҳони миллати моро мутмаин сохт, ки метавонанд зина ба зина ҳадафҳои нопоки хешро дар амал татбиқ намоянд. Бо эҷоди баҳонаҳои гуногун онҳо борҳо мардумро ба майдон оварданд, гирдиҳамойиҳо намуданд ва билохира, онро ба ду гурӯҳ қисмат карда, ба ҷаҳониён якеро ҳаводори давлати исломӣ ва дигарро тарафдори давлати дунявӣ муаррифӣ намуданд. Бо ин қонеъ нагардиданд ва муқовимати сиёсии тарафҳоро тадриҷан ба муқовимати мусаллаҳона табдил дода, барои оғози ҷанги шаҳрвандӣ замина фароҳам оварданд. Вазъият торафт тезутунд мегардид ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ бештар аланга мегирифт. Мардуми табиатан орому ботамкинро, ки ҳамзистии осоишта дар тӯли қарнҳо пиндораш буд, даҳшат фаро гирифту ба сарсониҳо афтод. Бархе роҳи наҷотро дар тарк намудани хоки аҷдодӣ диданд. Ҳастии миллату давлати ба тозагӣ истиқлолёфтаро хатари нестӣ таҳдид мекард. Дар ҳамин шабу рӯзи фалокатбор, моҳи ноябри соли 1992, бо ташаббуси онҳое, ки нисбат ба тақдири миллати хеш бетараф набуданд, дар назди тақдири халқи хеш эҳсоси масъулият доштанд, иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид, ки дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Халқи Тоҷикистон бо чашми умед ба ин иҷлосия менигарист. Интизор буд, ки он метавонад қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, омили ба эътидол омадани вазъият, василаи поягузории давлати навини тоҷикон гардад. Дар он айёми барои давлату миллат сарнавиштсоз на ҳар кас ҷуръат мекард зимоми давлатдориро, давлатеро, ки ҳама сохтораш аз фаъолият мондаву фалаҷ гашта буд, ба даст бигирад. Касе барои ба маснади Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидан розӣ гардид, ки бо  амалу  суханрониҳояш мардум аллакай ӯро дӯст дошта буд ва дар симои ӯ наҷотбахши хешро медид. Ӯро фарзонагиаш, ҷасорату шуҷоаташ, дарки масъулияти бузургаш, ҷоннисориаш, бетараф набуданаш нисбат ба сарнавишти миллату давлати хеш водор сохт, ки бори гарони чунин масъулияти бузургро бар дӯш гирад. Ӯ хуб медонист, ки бунёди давлати навин, ба эътидол овардани вазъият, хотима бахшидан ба ҷанг, баргардонидани гурезаҳо ва муҳайё кардани зиндагии осоишта кори саҳлу осон нест, аммо виҷдону имонаш, мардуму хоки аҷдодиро аз ҷон бештар дӯст доштанаш, нангу номусаш, дар назди насли оянда эҳсоси масъулият доштанаш водораш сохт, ки бо такя бо хиради халқ барои амалисозии ормонҳои миллӣ, ки муҳимтаринаш аз вартаи нестӣ берун овардани давлату миллат буд, камари ҳиммат бандад.

Баъдҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш дар мавриди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ чунин изҳори назар намуданд: «…Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ҳанӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд. Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи поки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруҳои солим ва рӯҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам…».

Он лаҳазе, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбар фаромада, дар назди Парчам бо нишони арҷгузорӣ онро бӯсида, ба рӯй молиданд, бисёр такондиҳанда буд ва кулли мардуми ҷумҳурӣ, ки ин манзараро тавассути телевизион тамошо мекард, дарк намуд, ки бесоҳиб нест ва бо чунин роҳбари хирадманду дурандешу ҷонфидову дилсӯзи миллату давлати хеш ӯро ояндаи дурахшон интизор аст.

Раиси Шӯрои Олӣ дар муроҷиати худ ба мардуми кишвар чунин иброз доштанд: «…Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

Роҳбари давлат бо талошҳо ва ибтикороти хеш ба ваъдаи додааш содиқ будани худро дар кӯтоҳтарин муддат собит сохтанд. Маҳз хирадмандӣ,  дурандешию ояндабиниашон буд, ки дар ибтидо ба ҳалли масоиле даст заданд, ки барои ҳифзи миллату давлат мубрам маҳсуб меёфтанд: дархости ёрӣ аз Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ дар қаламрави кишвар, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баргардонидани гурезаҳо ва таъмини амнияти онҳо, ба низом даровардани кори ташкилоту муассисаҳову корхонаҳо, зина ба зина рушд додани сохтори мухталифи хоҷагии халқ ва ислоҳоти онҳо, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ба аҳолӣ тақсим карда додани замин, таҳия намудан ва рушди қонунгузорӣ дар кишвар, таъсис додани артиши миллӣ, пайвастан ба узвияти созмонҳои байналмилалӣ, ба роҳ мондани ҳамкории ҳамаҷониба бо дигар давлатҳо, сари мизи музокирот хондани мухолифин, эъломи сиёсати дарҳои боз, бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ нафароне, ки дар мухолифатҳои сиёсӣ дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд, аз  ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод  намудан, ба собиқ мухолифин мансабҳо додан, мушкилоти тоҷиконро бо роҳи мусолиҳа ҳал намудан, то ин ки сулҳро барқарор намоянд. Ин ҳама бо душворӣ ҳам бошанд, дар амал татбиқ гардиданд.

Агар дигар ҷумҳуриҳо аз Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ мерос гирифта, соҳиби қисмҳои низомию техникаю ниҳодҳои таълимии ҳарбӣ гардида бошанд, бар асари даргириҳои дохилӣ кишвари азизи мо аз ин бенасиб монд ва артиши мо бидуни ҳеҷ як замина, бо ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи холӣ ташкил ёфт, ба вазъияти ногувору душвориҳои сиёсию иқтисодӣ нигоҳ накарда, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Гуфтушунид ва музокирот бо мухолифин оғоз ёфт, ки дар ин раванд Роҳбари давлат ташаббус нишон додаву аввал иқдом намудааст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳдиди хатар ба ҷонашонро нодида гирифта, манфиати миллату давлатро дар мадди аввал гузошта, худ барои мулоқот ба сарварони мухолифин ба мавзеи Хустдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  сафар намуданд, ки ин далерию шуҷоат ва сарсупурдаи миллат будани ӯро барои ҳамагон бори дигар собит сохт.

Иқдоми наҷибу ҷавонмардонаи дигари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он шабурӯзе, ки нооромию даргириҳо идома дошт, он буд, ки барои мулоқот бо мардум ба манотиқи мухталифи кишвар сафар намуда, рӯбарӯ бо халқи худ суҳбат менамуданд, вазъи ногувору сарнавиштсозро таҳлил мекарданд, тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллатро тавзеҳ дода, даъват ба миён меоварданд, ки бо Роҳбари давлат ва Ҳукумат бошанд, ба хотири наҷоти давлати тозаистиқлоли худ, кинаву адоватро яксӯ гузоранд, хешро дар назди насли оянда сархам насозанд, ба ҷаҳониён собит созанд, ки мо миллати ҷангҷӯ нестем, миллате ҳастем, ки таърихи куҳан дорем, рисолати инсондӯстӣ дорем, фарзандони миллати мо дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми бориз доранд ва мо аз уҳдаи давлатдорӣ мебароем. Маҳз ҳамин мулоқотҳо буданд, ки боис ба тағйири назари афроди ҷангҷӯй гардид ва дар атрофи Роҳбари давлат ҷамъ омаданд, музокироту гуфтушуниди тарафҳо сурати дигар гирифт ва бо гузашти чаҳор соли пур аз ҷонбозиҳо 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрои сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Халқи тоҷик бо роҳнамоии Роҳбари хирадманди худ аз санҷишу имтиҳони сахти таърих сарбаландона гузашт, хатари маҳвшавӣ рафъ гардид, пайи таҳкими пояҳои давлатдорӣ саъю талошу кӯшишҳои беназир сурат гирифт. Роҳбари давлат тавонистанд бо роҳандозии сафарҳои расмию корӣ ба давлатҳои дигар ва суханрониҳо аз минбарҳои баланди ҷамъияту созмонҳои сатҳи байналмилалӣ диду назари ҷаҳониёнро нисбат ба мо-тоҷикон дигар бикунанд. Бо ин васила дар ҳаёти кишвар марҳилаи нав, марҳилаи бунёдкорӣ оғоз ёфт. Дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ садҳо биноҳои маъмурӣ, таълимгоҳҳои сатҳи олӣ, боғчаву мактабҳо,  кохҳои фарҳангӣ, майдонҳои варзишӣ сохтаву ба истифода дода шуда,  навсозии роҳи Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма-Қаракорум, Душанбе-Хуҷанд-Бӯстон-Чанак, Душанбе-Саритош-Ош, бунёди нақбҳои Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Чормағзак ба роҳ монда шуда, барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ иқдомҳои наҷиб сурат гирифт, ки дар таърихи халқи тоҷик собиқа надоранд.

Дар фарорварди сухан ногуфта наметавонем, ки чун даврони пур аз ҷангу ҷидоли солҳои навадуми охири қарни гузаштаро бо ободкориҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар шабеҳ дода, ҳаводиси хуношоми ҷанги таҳмилиро пеши назар меорем, бидуни дудилагӣ мегӯем: Пешвои миллати мо наҷотбахши миллати моянд ва итминони комил дорем, ки ҳар касе заррае адлу инсоф дорад, инро тасдиқ хоҳад кард.

                                                        Барно САИДВАЛИЗОДА,
                                           сардори  Хадамоти иҷрои назди
                                          Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
                                              номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Владимир Путин ба Эмомалӣ Раҳмон: Ҳеҷ неруе наметавонад муносибатҳои бародаронаи мардумони ду давлатро халалдор намояд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд