Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

Ноябрь 28, 2021 19:47

ДУШАНБЕ, 28.11.2021. АМИТ «Ховар»/. 28 ноябр дар шаҳри Ашхобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.

Дар вохурӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар, инчунин дигар масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва мо аз сатҳи имрӯзаи муколамаи сиёсӣ қаноатмандем.

Ҷонибҳо зимни вохурӣ оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо дар бахшҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагии худро таъкид карданд.

Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод гардид, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев 28.11.2021

Ноябрь 28, 2021 19:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлобро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти Маркази таълимӣ ва забономӯзии «Ориё» расман оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд