Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередовро, ки бо мақсади иштирок дар Форуми «Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея» дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо натиҷаҳои Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашхободи Туркманистонро муҳокима карданд.
Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро таъкид карда, ба ҷониби Туркманистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм бори дигар изҳори сипос намуданд.
Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагии ҳамаҷониба ба сафари ҷавобии расмии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд






