Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро ба ҳузур пазируфтанд.

Ноябрь 22, 2021 20:14

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Борреллро, ки бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид доштанд, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба пешрафти кишвари мо ва тамоми минтақа минбаъд низ мусоидат хоҳад кард.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои судмандро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ ва рушди маҳал муҳокима намуданд.

Зимни баррасии заминаи ҳуқуқии муносибатҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо, имзои Созишномаи мукаммали ҳамкорӣ ва шарикии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории ҷонибҳо дар самти рафъи оқибатҳои пандемияи короновирус, масоили истифодаи пурсамари захираҳои об, мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо табодули андеша сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои ба Тоҷикистон расонидани кӯмак дар рафъи оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии паҳншавии вируси COVID-19 ва тақвияти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 112 миллион евро изҳори миннатдории амиқ намуданд.

Сарвари давлати мо инчунин ба Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзо барои дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мубаддал гаштааст, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо аз раванди рушди устувори робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноат намуда, ба густариши масъалаҳои бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, афзоиши содироту воридот, таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Дар ин зимн тасмим ва ҳавасмандии Тоҷикистон дар бораи пайвастан ба Низоми имтиёзҳои гумрукӣ дар содироти молу маҳсулот ба Аврупо, махсус таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Талошҳои судманди муштараки ҷонибҳо дар ин арса, бахусус таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон тавассути татбиқи барномаҳои БОМКА ва КАДАП, сохтмони роҳҳои мошингард, пул, хати интиқоли барқ ва бунёди иншооти дигар дар манотиқи марзӣ бо ин кишвар, таъкид гардид.

Дар рафти мулоқот дар доираи муколамаи сатҳи баланди амниятиву сиёсӣ оид ба нақши Анҷумани иқтисодӣ, Форуми ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, табодули андеша сурат гирифт.

Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкории гуногунҷанбаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо дар оянда низ пайгирона густариш хоҳанд  ёфт.
Мулоқот бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амниятӣ Ҷозеп Боррелл 22.11.2021

Ноябрь 22, 2021 20:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад