Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқӣ имрӯз зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Чумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зикр намуд, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
“Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи муносибатҳо ва ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун бо Озарбойҷон изҳор намуда, ба рушди муносибатҳои дӯстонаи ду давлати дорои манфиатҳои муштарак, аз ҷумла муштараки сиёсӣ, таваҷуҳи хос ва доимӣ дорем. Мо қодирем муносибатҳои намунавии дӯстонаро таъмин намоем ва ҳамаҷониба тақвият бахшем”, — изҳор дошт М. Зокирзода.
Роҷеъ ба муносибатҳои байнипарлумонӣ изҳори назар намуда, Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки итминони комил дорам, гурўҳи дўстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкории мутақобилан судмандро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд.
АКС: МН МОҶТ








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






