Роҳбарони нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Душанбе интихоб шуданд

Ноябрь 9, 2021 08:26

ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зокир Ахмедов раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе ва Сайдулло Саидамиров ноиби раиси Федератсияи мазкур интихоб гардиданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва сарпарастон дар пойтахт як толори варзишии замонавӣ  сохта мешавад. Дар ин бора  зимни  конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе, ки  6 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ дода шуд,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод  ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Тибқи рӯзномаи конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар аввал ҳисоботи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе Сайдулло Саидамиров ва комиссияи тафтишотӣ дар чорсолаи гузашта шунида шуд.

Зикр гардид, ки давоми чорсолаи гузашта мусобиқаҳои федератсия тибқи тақвим доир гардиданд. Муҳимтарин дастоварди варзишгарон медали биринҷии Бозиҳои ИДМ мебошад, ки 4-11 сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия доир шуд. Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар рақобати ҷуфти писарон сазовори ҷои сеюм шуданд.

Сипас, вакилон тариқи овоздиҳӣ роҳбарияти нави Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанберо интихоб карданд. Ҳамчунин дар ҷаласа котиби генералӣ, аъзои комиссияҳои мураббиён, доварон ва техникӣ-варзишӣ, инчунин сармураббии дастаи мунтахаби тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе муайян гардиданд.

Зокир Ахмедов барои боварӣ ба вакилон изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки тенниси рӯи мизро дар шаҳри Душанбе ба сатҳи боз ҳам  боло мебарад. Аз ҷумла, дар навбати аввал барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуд ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногун тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.

Баъдан Вакилон дигар масъалаҳои вобаста ба тенниси рӯи мизро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2021 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид