Роҳбарони нави Федератсияи тенниси рӯи мизи Душанбе интихоб шуданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Зокир Ахмедов раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе ва Сайдулло Саидамиров ноиби раиси Федератсияи мазкур интихоб гардиданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон ва сарпарастон дар пойтахт як толори варзишии замонавӣ сохта мешавад. Дар ин бора зимни конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе, ки 6 ноябр дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон баргузор шуд, иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Тибқи рӯзномаи конференсияи ҳисоботӣ-интихоботӣ, дар аввал ҳисоботи раиси Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе Сайдулло Саидамиров ва комиссияи тафтишотӣ дар чорсолаи гузашта шунида шуд.
Зикр гардид, ки давоми чорсолаи гузашта мусобиқаҳои федератсия тибқи тақвим доир гардиданд. Муҳимтарин дастоварди варзишгарон медали биринҷии Бозиҳои ИДМ мебошад, ки 4-11 сентябр дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия доир шуд. Аминҷон Мавлонов ва Ҷамшед Ҳасанов дар рақобати ҷуфти писарон сазовори ҷои сеюм шуданд.
Сипас, вакилон тариқи овоздиҳӣ роҳбарияти нави Федератсияи тенниси рӯи мизи шаҳри Душанберо интихоб карданд. Ҳамчунин дар ҷаласа котиби генералӣ, аъзои комиссияҳои мураббиён, доварон ва техникӣ-варзишӣ, инчунин сармураббии дастаи мунтахаби тенниси рӯи мизи шаҳри Душанбе муайян гардиданд.
Зокир Ахмедов барои боварӣ ба вакилон изҳори сипос намуда, ваъда дод, ки тенниси рӯи мизро дар шаҳри Душанбе ба сатҳи боз ҳам боло мебарад. Аз ҷумла, дар навбати аввал барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин намуд ва гузаронидани мусобиқаҳои гуногун тадбирҳо андешида хоҳанд шуд.
Баъдан Вакилон дигар масъалаҳои вобаста ба тенниси рӯи мизро баррасӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид






