Рустам Назарзода ва Октавиан Бивол коҳиши хатари офатҳои табииро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Сардори Кумита, генерал-полковник Рустам Назарзода бо Сарвари Дафтари минтақавии Раёсати СММ оид ба коҳиши хатари офатҳо дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Октавиан Бивол баргузор шуд, хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Генерал-полковник Рустам Назарзода ба Октавиан Бивол дар бораи корҳои анҷомёфта дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар маълумот дод. Мавсуф оид ба ҳамкории байналмилалӣ бо сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ дар ин самт, инчунин кумакҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ ба аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва бартараф намудани пайомадҳои он ибрози назар намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни ду идора оид ба вокуниш ба офатҳо, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон ва масъалаҳои дигарро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Октавиан Бивол барои пазироии хуш изҳори сипос намуда, ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгирӣ ва рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ баҳои баланд дод.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо ба рушди ҳамкории дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо изҳори умед карданд.
АКС: КҲФ ва МГ








Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад






