Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд

Ноябрь 25, 2021 21:10

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои АБП ИДМ дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин сарварони парламентҳои Озарбойҷон – С.Гафарова, Арманистон – А.Симонян, Молдова – И.Гросу, палатаҳои болоии парламентҳои Беларус – Н.Кочанова, Қазоқистон – М.Ашимбаев, Узбекистон – Т.Нарбаева, Туркманистон – Г.Маммедова, инчунин муовини Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон А. Касималиева ширкат намуданд.

Аъзои Шӯро дар доираи рӯзномаи ҷаласа дар маҷмӯъ 23 масъаларо оид ба масоили ҷорӣ ва мубрами ҳамкорӣ дар доираи АБП ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Дар зимн, натиҷаҳои кори созмон дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБП ИДМ барои соли 2022 қабул карда шуд.

АКС: ММ МО ҶТ

Ноябрь 25, 2021 21:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид