Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои АБП ИДМ дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа ҳамчунин сарварони парламентҳои Озарбойҷон – С.Гафарова, Арманистон – А.Симонян, Молдова – И.Гросу, палатаҳои болоии парламентҳои Беларус – Н.Кочанова, Қазоқистон – М.Ашимбаев, Узбекистон – Т.Нарбаева, Туркманистон – Г.Маммедова, инчунин муовини Раиси Жогорку Кенеши Қирғизистон А. Касималиева ширкат намуданд.
Аъзои Шӯро дар доираи рӯзномаи ҷаласа дар маҷмӯъ 23 масъаларо оид ба масоили ҷорӣ ва мубрами ҳамкорӣ дар доираи АБП ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар зимн, натиҷаҳои кори созмон дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБП ИДМ барои соли 2022 қабул карда шуд.
АКС: ММ МО ҶТ








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






