ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, душанбе, 305-умин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 1, 2021 08:00

1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

***

13 сол қабл, 1 ноябри соли 2007  сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www.tajikembassychina.com фаъол карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.

***

Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 1895 дар Петербург «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи «Ювентус» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Германия ворид шудани яҳудиёни гурезаро  манъ кард.

***

1 ноябри соли 1944 Агентии иттилоотии Япония «Киодо Тсусин» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ- манатро ҷорӣ намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

 

Ноябрь 1, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз, 12 феврал, панҷшанбе, 43-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 феврал, чоршанбе, 42-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 феврал, якшанбе, 39-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 феврал, панҷшанбе, 36-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 феврал, сешанбе, 34-умин рӯзи соли 2026 аст