ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, сешанбе, 327-умин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 23, 2021 08:00

23 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро имзо  карданд.

***

6 сол пеш, 23 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Федератсияи Россия созишномаи байниҳукуматӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи таъсис додани намояндагии муштараки хадамоти гумрук тасдиқ намуд.

23 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қазоқистон- Рӯзи полиси роҳ.

***

Дар Япония – Рӯзи миннатдорӣ ба меҳнат.

РӮЙДОДҲО:

 23 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия баргузор гаштанд.

***

23 ноябри соли 1877 ИМА ба Канада барои ҳуқуқи моҳигирӣ ва дарёгардии доимӣ дар дарёи Лаврентияи муқаддас 5,5 млн доллар пардохт кард.

***

98 сол муқаддам,  23 ноябри соли 1923 Ҳизби коммунистии Германия баста шуд.   

***

Дар ин рӯзи соли 1939 дар Германия  барои фурӯши хӯроки ҳайвоноти хонагӣ меъёр ҷорӣ гардид.

***

23 ноябри соли 1980 дар натиҷаи заминларза дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

23 ноябри соли 1981 дар Чин ба тиҷорати хусусӣ иҷозат дода шуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2006 дар Тоҷикистон аввалин Намоиши байналмилалии саноати хӯроквории «Inter Food Tajikistan — 2006» баргузор гардид.

***

Соли 1998 дар шаҳри Бирмингеми Англия  аввалин оркестри  мусиқии калонтарин дар таърих, ки аз 3503 нафар мусиқинавоз иборат буд, ҳунарнамоӣ кард.

Ноябрь 23, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш