ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, ҷумъа, 330-умин рӯзи соли 2021 аст

Ноябрь 26, 2021 08:00

26 ноябри соли 2014  дар шаҳри Душанбе  пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуд.

***

7 сол пеш, 26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Чехия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қиматноки кишварҳои узви ИДМ доир шуд.

 26 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии иттилоот.

***

Дар Абхазия – Рӯзи модар.

 РӮЙДОДҲО:

26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар  Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалиятҳои он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардида буд.

***

26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Женева масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ муҳокима гардид.

***

137 сол муқаддам, 26 ноябри соли 1884 дар Россия ба амволи ғайриманқул андоз ҷорӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1949 Конститутсияи Ҳиндустон қабул карда шуд.

***

57 сол пеш аз ин, 26 ноябри соли 1964 барои нигоҳ доштани қурби фунт стерлинг Британияи Кабир аз бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар заём гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Германия доир шуд.

***

Соли 1976  тамғаи тиҷоратии «Microsoft» ба қайд гирифта шуд.

Ноябрь 26, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, сешанбе, 345-умин рӯзи соли 2024 аст