ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 ноябр, ҷумъа, 309-умин рӯзи соли 2021 аст
5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.
***
13 сол муқаддам, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир шуд.
5 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.
***
Дар Россия — Рӯзи разведчики ҳарбӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.
***
5 ноябри соли 2010 дар шаҳри Гулистон (Қайроққум) — и вилояти Суғд Маркази фарҳангии «Кохи Истиқлол» ифтитоҳ гардид.
***
5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик ба истифода дода шуд.
***
5 сол пеш, 5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бинои нави Коллеҷи тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
***
5 ноябри соли 1935 бозии рӯимизии «Монополия» сохта шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1927 дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.
***
Соли 1956 дар Англия бори аввал пахши телевизиони ранга ба роҳ монда шуд.