Тоҷикистон ва Қатар ба робитаҳои соҳибкорон ҷиҳати сармоягузорӣ ба зерсохтори саёҳатӣ тавсеа мебахшанд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳатӣ ва инчунин истифода аз зарфияти иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон, ки дар таҳкими тиҷорат ва саёҳати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, дирӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баррасӣ шуданд.
Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин замина Тоҷиддин Ҷӯразода роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё намудааст, маълумоти муфассал дод.
Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа ва дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеи истеҳсолӣ барои сармоягузорон ҷолиб буда, соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо ҳавасманданд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро барои баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд. Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки Анҷумани соҳибкорони Қатар пас аз омӯзиши бастаи лоиҳаҳое, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд, гурӯҳи кории худро ба Душанбе сафарбар хоҳад кард.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар








Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд






