Тоҷикистон ва Қатар ба робитаҳои соҳибкорон ҷиҳати сармоягузорӣ ба зерсохтори саёҳатӣ тавсеа мебахшанд

Ноябрь 19, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 19.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои тавсеаи робитаҳои соҳибкорони ду кишвар дар самти сармоягузории лоиҳаҳои марбут ба зерсохтори саёҳатӣ ва инчунин истифода аз зарфияти иқтисодию нақлиётии Тоҷикистон, ки дар таҳкими тиҷорат ва саёҳати байниминтақавӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд, дирӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» — Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ баррасӣ шуданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин замина Тоҷиддин Ҷӯразода роҷеъ ба фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишварамон ва имтиёзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти босамари сармоягузорони хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ муҳайё намудааст, маълумоти муфассал дод.

Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну босубот дар минтақа ва дорои захираҳои бузурги табиӣ ва имконияти васеи истеҳсолӣ барои сармоягузорон ҷолиб буда, соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо ҳавасманданд.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯриҳои мунтазами соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро барои баррасии самтҳои мутақобилан судманди ҳамкорӣ зарур шумориданд. Ҳамчунин мувофиқа шуд, ки Анҷумани соҳибкорони Қатар пас аз омӯзиши бастаи лоиҳаҳое, ки Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд, гурӯҳи кории худро ба Душанбе сафарбар хоҳад кард.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Қатар

Ноябрь 19, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд
Мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии ноҳияи Дарвозро наздики 5000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ тамошо намуданд
Бонки аврупоии таҷдид ва рушд омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Суғд баён дошт
Бонки миллии Тоҷикистон бо IFSB омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи бонкдориро баррасӣ намуданд
Дар корхонаи муштараки «Зарафшон» 3000 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият менамоянд
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд