«ҲАББАЗО!». Сарояндаи маҳбуб Соҳиба Давлатшоева дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» гуфт, хабари воридшавии Фалак ба феҳристи шоҳкориҳои башарият «ӯро масрур гардонд ва сарашро ба осмон расонд»
ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ин хабари фараҳбахш, яъне ба Феҳристи мероси ғайримодии муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шудани Фалак, ки хеле зиёд интизор будем, моро масрур гардонд ва сарамонро ба осмон расонд. Ҳаббазо! Чӣ хуш!». Чунин изҳор намуд ҳаяҷону шодии худро фалаксарои шинохта, роҳбари ансамбли «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре қаблан хабар додем, 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.
Соҳиба Давлатшоева афзуд, ки фалак-маҷмӯи суруд ва навои бебаҳои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул мебошад. Онро ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла фалаксароёни асил Султонмаҳмуд Абдумамадов, Сафарбегим Тошхӯҷаева, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманди Хол, Одина Ҳошим, Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Мадалии Барот, Карими Шиш, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мусаввар Минаков, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ Одинаев, Ҳаким Маҳмудов, Файзалӣ Ҳасанов, Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо ривоҷу равнақ дода, ба оламиён муаррифӣ намуданду тавассути ҳунари онҳо мутахассисони олам ба суннатҳои мусиқии мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд.
«Фалаксароён бо сурудани он розу ниёз, ғаму шодӣ ва дарди дилу нобасомониҳои рӯзгорро бароварда мекунанд ва гӯё маънии фалакро аз фалак меҷӯянд»,-гуфт Соҳиба Давлатшоева.
Тавре Соҳиба Давлатшоева гуфт, ӯ аз 6-солагӣ ба ин намуди жанр, яъне фалак дилбастагӣ дошта, дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ ва маъракаҳои мардумӣ фалаксароӣ кардаасту то ҳанӯз бо ин жанр фаъолият дорад.
Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст ва дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи ин жанр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 октябр чун Рӯзи Фалак ҷашн гирифта мешавад. Ин жанр ба ҷуз аз Тоҷикистон инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.
Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусияти хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ тақозо менамояд.
Фалак аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.
Фалак таърихи бисёрасра дорад. Он таърихан дар ду макон — Кӯлобу Бадахшон ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки онро фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ низ мегӯянд. Хелҳои жанрии он гуногунанд:
фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, бепарвофалак ва ғайра.
«Фалаки бадахшонӣ ҳам яке аз жанрҳои суннатии мардумӣ мебошад, ки яке бепарвофалак ва дигаре фалаки сӯз, розу ниёз ва шодиву сурур мебошад. Дар Бадахшон фалакро аз рӯи анъана бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижжак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд, -иброз кард Соҳиба Давлатшоева ва илова намуд, ки дар оянда ҳам нақша аст, ки ин жанрро ба наврасон бештар омӯзонем, то ин мероси ниёгон ба боди фаромӯшӣ наравад».
Мавриди зикр аст, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева дар Париж бо ордени санъати Франсия мукофотонида шудааст. Вай бо овози ғайриодӣ ва хотирмон миёни мардум маъруф буда, якчанд асбоби мусиқӣ низ менавозад ва дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз манбаъҳои боз












«…МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ…». Ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон устод Лоиқ Шералӣ 85 сол пур шуд
«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад
Дар Бишкек маросими тантанавии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даврҳои омӯзишии «Эбру», 3D ва колиграфия ифтитоҳ шуданд
«ЗЕБОИИ ТОҶИКИСТОН–МЕРОС БАРОИ ОЯНДА». Дар Бишкек намоишгоҳи санъати тасвирии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон— Ватани азизи ман» оғоз шуд
Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ифтитоҳ гардиданд
Дар Душанбе Фестивали фарҳангии Тоҷикистону Корея-2026 баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳамоиши илмӣ — адабӣ баргузор гардид
Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд






