«ҲАББАЗО!». Сарояндаи маҳбуб Соҳиба Давлатшоева дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» гуфт, хабари воридшавии Фалак ба феҳристи шоҳкориҳои башарият «ӯро масрур гардонд ва сарашро ба осмон расонд»

Декабрь 17, 2021 16:17

ДУШАНБЕ, 17.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ин хабари фараҳбахш, яъне ба Феҳристи мероси ғайримодии муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) шомил шудани Фалак, ки хеле зиёд интизор будем, моро масрур гардонд ва сарамонро ба осмон расонд. Ҳаббазо! Чӣ хуш!». Чунин изҳор намуд ҳаяҷону шодии худро фалаксарои шинохта, роҳбари ансамбли «Помир»-и Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тавре қаблан хабар додем, 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж тариқи онлайн баргузор гардид, номинаи «Фалак», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шуд.

Соҳиба Давлатшоева афзуд, ки фалак-маҷмӯи суруд ва навои бебаҳои мардуми тоҷик аст, ки бештар дар навоҳии кӯҳистон маъмул мебошад. Онро  ҳунармандони тоҷик, аз ҷумла фалаксароёни асил  Султонмаҳмуд Абдумамадов, Сафарбегим Тошхӯҷаева, Гулчеҳра Содиқова, Давлатманди Хол, Одина Ҳошим, Бобохалили ОдинаРаҷабмади ВалӣМадалии БаротКарими ШишАкашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина ҲошимАбдулло НазрӣИброҳим КобулиевМусаввар МинаковМамадато ТаваллоевНаврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Моҷон Назардодова, Нусайрӣ ОдинаевҲаким МаҳмудовФайзалӣ Ҳасанов,  Сафармуҳаммад Муродов, Дона Баҳромов, Аслия Искандарова, Панҷшанбе Ҷорӯбов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо ривоҷу равнақ дода,  ба оламиён муаррифӣ намуданду тавассути  ҳунари онҳо мутахассисони олам ба суннатҳои мусиқии мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд.

«Фалаксароён бо сурудани он розу ниёз, ғаму шодӣ ва дарди дилу нобасомониҳои рӯзгорро бароварда мекунанд ва гӯё  маънии  фалакро аз фалак меҷӯянд»,-гуфт Соҳиба Давлатшоева.

Тавре Соҳиба Давлатшоева гуфт,  ӯ аз 6-солагӣ ба ин намуди жанр, яъне фалак дилбастагӣ дошта, дар тамоми чорабиниҳои мактабӣ ва маъракаҳои мардумӣ фалаксароӣ кардаасту то ҳанӯз бо ин жанр фаъолият дорад.

Фалак жанри мусиқии қадимаи шифоҳӣ буда, дар тӯли садсолаҳо аз гӯш ба гӯш, аз забон ба забон, аз дил ба дил ба тарзи мактаби «устод–шогирд» то ба имрӯз расидааст ва дар замони мо низ Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи ин жанр таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Бояд гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2007 ҳар сол дар ҷумҳурӣ 10 октябр чун Рӯзи Фалак  ҷашн гирифта мешавад. Ин жанр ба ҷуз аз Тоҷикистон инчунин дар қисми шимолии Афғонистон ва якчанд вилоёти тоҷикнишини Покистону Ҳиндустон низ  маъмул аст. Аз рӯи анъана матни асосии фалакро рубоӣ ташкил медиҳад, вале дар замони мо фалаксароён ҳангоми иҷрои сурудҳои фалакӣ ба ғайр аз дубайтиву рубоӣ, инчунин ғазалҳои баландмазмунро аз адабиёти классикӣ ва шоирони имрӯзаи тоҷик низ истифода менамоянд. Албатта, замина, таърихи пайдоиш ва таркиби фалак ягона аст, вале бо назардошти тарзи иҷро, истифода аз созҳои гуногуни мусиқӣ ва мавқеи ҷуғрофӣ фалакро ба навъҳои даштӣ, роғӣ, дарвозӣ, афғонӣ (бадахшонӣ) ва кӯҳистонӣ ҷудо мекунанд.

Фалак жанри озод буда, ҳамеша дар ташаккулу такомул ва таҳаввулу инкишоф аст. Яке аз хусусияти хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбӣ тақозо менамояд.

Фалак  аз бахшҳои созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Ҳар кадоме аз ин бахш ду сабки иҷроӣ дорад: фалаки даштӣ ва фалаки роғӣ.

Фалак таърихи бисёрасра дорад. Он таърихан дар ду макон — Кӯлобу Бадахшон ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки онро  фалаки кӯлобӣ ва фалаки помирӣ низ мегӯянд. Хелҳои жанрии он гуногунанд:

фалаки даштӣ, фалаки роғӣ, фалаки қаландарӣ, фалаки сафарӣ, фалаки равона, бепарвофалак ва ғайра.

«Фалаки бадахшонӣ ҳам яке аз жанрҳои суннатии мардумӣ мебошад, ки яке бепарвофалак ва дигаре фалаки сӯз, розу ниёз ва шодиву сурур мебошад. Дар Бадахшон фалакро аз рӯи анъана бо ҳамовозии созҳои мусиқии дутор (думбура), ғижжак, най (тутак), сетор ва рубоби бадахшонӣ, бо ҳамсадоии дафу таблак иҷро мекунанд. Андозаи мусиқии фалакӣ бештар панҷ ҳаштякӣ (5/8), чор чорякӣ (4/4), ҳафт ҳаштякӣ (7/8), шаш ҳаштякӣ (6/8) ва ду чорякӣ (2/4) мебошанд, -иброз кард Соҳиба Давлатшоева ва илова намуд, ки дар оянда ҳам нақша аст, ки ин жанрро ба наврасон бештар омӯзонем, то ин мероси ниёгон ба боди фаромӯшӣ наравад».

Мавриди зикр аст, ки Ҳунарпешаи  халқии Тоҷикистон Соҳиба Давлатшоева дар Париж бо ордени санъати Франсия мукофотонида шудааст. Вай бо овози ғайриодӣ ва хотирмон миёни мардум маъруф буда, якчанд асбоби мусиқӣ низ менавозад ва дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Декабрь 17, 2021 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст