Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Айни ҳол дар миқёси ҷумҳурӣ 82 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ аз рӯйи 9 равия – омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқ, кишоварзӣ, фарҳанг ва варзиш мутахассис омода менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи техникию технологӣ 875 нафар омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 542 нафарро кормандони асосӣ ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумӣ 6 нафар доктори илм ва 43 нафар номзади илм мебошанд. Ин нукта зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласаи мазкур дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Матлубахон Сатториён баргузор гардида, дар он аъзои Шӯро — намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд.
Дар ҷаласа вобаста ба вазъи омодасозии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар вилояти Хатлон гузориши вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи техникию технологӣ гузориши муовини вазири маориф ва илм Диловар Қодирзода шунида шуд.
Зикр гардид, ки бо мақсади омода намудани мутахассисони зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қонеъ гардонидани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир вобаста ба рушди иқтисодиёти миллӣ дар вилояти Хатлон 6 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ – Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, техникӣ, технологӣ, иқтисодӣ ва кишоварзӣ барои талаботи иқтисодиёти миллии кишвар аз рӯйи 241 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар маҷмӯъ 2149 нафар омӯзгор сафарбар гардидаанд, ки аз онҳо 70 нафар доктори илм, 357 нафар номзади илм ва 1722 нафар ассистентҳо мебошанд. Ҳамзамон, аз 2149 нафар омӯзгор 427 нафарро омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ташкил медиҳанд.
Айни замон тамоми муассисаҳои таълимии вилоят тибқи меъёр дар маҷмӯъ бо 2341 компютер, 560 адад принтер ва амсоли он муҷаҳхаз гардонида шудааст, ки аз ин шумора аксари компютерҳо бо шабакаи Интернет пайваст мебошад. Муассисаҳои таълимии вилоят дорои 30 бинои таълимӣ ва 15 бинои хобгоҳ буда, теъдоди донишҷӯёни дар хобгоҳҳо истиқоматкунанда 2464 нафарро ташкил медиҳанд.
Таъкид гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон бо вуҷуди он ки дар раванди омода намудани мутахассисон корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст, норасоию камбудиҳо низ ба назар мерасанд, Пеш аз ҳама, кам будани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, қонеъкунанда набудани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён, норасоии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳо, куҳнаву фарсуда будани озмоишгоҳҳои таълимӣ ва норасоии маводи масрафшавандаи таълимӣ дар ин озмоишгоҳҳо, кам будани теъдоди пойгоҳҳои таҷрибаомӯзӣ ва филиалҳои кафедраҳои тахассусӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, норасоии адабиёти таълимӣ аз зумраи камбудиҳои ҷойдоштаест, ки бояд ҷиҳати рафъи онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр намудани мутахассисони касбу ҳунарҳои гуногуни ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ имрӯз яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб ёфта, давлату Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ бо афзоиш додани маблағгузории ҳамаи зинаҳои таҳсилот навгониҳоро пайваста ҷорӣ менамоянд.
Мутобиқат накардани заминаи моддию техникӣ, дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани биноҳои таълимӣ, норасоии нерӯи кадрӣ, китобҳои дарсӣ, нокифоя будани лабораторияҳои фаннӣ, дастгоҳу таҷҳизот ва ашёҳои таълимӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба сатҳи омодасозии мутахассисони оянда таъсири манфӣ мерасонад.
Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.
Дар идома вобаста ба татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат вобаста ба бартараф намудани норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва компютеру тахтаҳои электронӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласа Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 тасдиқ гардид.
АКСҲО: Вазорати маориф ва илми ҶТ